Танӯрсозӣ дар шимоли

ТАНӮРСОЗӢ Дар шимоли Тоҷикистон танӯр, дар ҷануби Тоҷикистон чагдон, дар марказ, водии Ҳисору Рашт, дегдон меноманд. Он шаклҳои мухталиф дорад ва дар бари девор, болои замин, даруни замин сохта мешавад.
Танӯр дар бари девор ва чагдон дар боло ва даруни замин шинонида мешавад. Танӯрро шимоли Тоҷикистон, чагдону дегдонро ҷанубу шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ истифода мебаранд. Онҳоро аслан дар тирамоҳ ё баҳор месозанд, чунки дар тобистон аз гармии зиёди фасли гармо чагдон мекафад. Дар фасли сармо бошад танӯрсоз аз хунукии зиёд ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Яъне чагдон бисёр дер хушк мешавад.
Шакли сохтани чагдон: чагдонро дар даруни замин месозанд. Чагдон дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон маъмул мебошад. Барои сохтани чагдон заминро конусшакл кофта, деворҳои онро бо лойи махсус (омехтаи регу сементу хок) андова намуда, устувор мегардонанд.
Аз об, сафедхок ва коҳи майдакардаи гандум коҳлой тайёр мекунанд. Онро нағзакак мешӯранд. Баъди нағз омехтан дам медиҳад.
Чуқурии конусшакли заминро бо коҳлой ба андозаи 1,2- 2 см андоваи тунук мекунанд. Баъд аз хушк шудан ба он рег (сангча) мезананд. Регро бо сафедхоки боқувват, ки шикастанаш осон нест, омехта, реглой тайёр менамоянд. Агар регро аз соҳили дарё гиранд, чагдон сертасф (тафсон), яъне пушти чагдон ниҳоят гарм мебарояд. Ба он маъно, ки ҳезум кам истифода мешавад.
Регзании чагдон: Ба коҳандоваи хушкшудаи дегдон як панҷа об пошида, регандоваи тайёршударо мемоланд. Ин амал қисм-қисм иҷро карда шуда, регандоваро дарҳол бо латтапораи дурушт (линча) ҳамвор менамояд. Баъди нимхушк шудани чакдон онро муддати 2 рӯз бо об ва санги ҳамвор рӯзе 3 маротиба суфта мекунанд. Баъд аз ин 20-30 см чагдонро зардии тухм ва қисми поёнии онро саргини тозаву тари гов мемоланду дохили онро аз маводи нимхушк пур намуда, оташ дармегиронанд. Маводи даруни чагдон таҳдуд шуда, бояд оҳиста-оҳиста муддати 1 шабонарӯз сӯзад.
Бори аввал барои боқувват гардидани чагдону ба он сабукӣ овардан дар он нони тунук (чаппотӣ) баста, онро хайр мекунанд. Барои насӯхтани пушти нон аввал якчандтои онро дар як ҷойи чагдон мечаспонанд.
Азбаски чагдон тасфи ниҳоят баланд дорад, дар даруни он хӯроки миллии дангича, далда пухта, ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд.
Шакли сохтани дегдон: дегдон дар болои замин сохта мешавад. Як маводи даврашаклро балои замин гузошта, гирдогирди он бо хишти пӯхта тарҳи дегдонро месозанд. Баъд аз омода шудани тарҳи дегдон дар баландии замин дохили он мисли шакли дар болозикршуда (чагдон) тайёр карда мешавад. Гирдогирди онро дар паҳнои ним метр девор ва андова карда, барои аланга задани оташ ва сурху банур пухтани нонҳо дар қисми поёнии он мӯрӣ ё мӯричае мекунанд.
Фоиданокӣ: Дегдонро бо чӯби зардолу тафсонида, тавассути гармии он дардҳои миёну буғумҳоро табобат менамоянд. Бахусус дегдону чагдонҳои минтақаҳои ҳавои сарддоштаро, ки аксари онҳо даруни хона сохта мешуданд, ҳамчун сандалӣ истифода мебурданд.
Занҳои бефарзанд ва шахсони хунукзадаро низ даруни чагдон шинонида, бо гармии он табобат мекарданд.
ТанӮр дар бари девор сохта мешавад. Сохтанаш мисли чагдон (дегон). Аммо аз ҷиҳати шакл дигар аст. Танӯрро дар бари девор сохта, қисми поёни онро барои оташу хокистар ҳамвор карда, тарафи рост, чап ва қисми болои онро барои нонпазӣ омода менамоянд.
Тарзи омода намудани он: Хоки зард ё сурххоки махсусро об рехта, ба он пашми гӯсфанд ё коҳ илова карда, лой тайёр менамоянд. Баъд ба он намакоб пошида болояшро пӯшонида дам медиҳанд. Сипас онро бо пой лат зада мепазонанд. Баъд лойро пора-пора бурида бо тавонча ва ғундак танӯр месозанд. Барои ба оташ тобовар шудани танӯр ба даруну берунаш намакоб мепошанд. Лаби танӯрро алоҳида сохта мечаспонанд. Баъди хушконидан онро дар ҷойи муайяншуда мешинонанду гирдогирдашро ба девор мечаспонданд. Танӯрро аслан болои суфачаи махсуси баландиаш 1-1,2м ба девор ҷавс карда мешинонанд. Аз қисми болои қафои он сурохии дудбаро мекованд ва гирду атрофи онро андова мекунанд.
Чагдон ва танӯр бо сурххок ва семент дар шаклҳои қолабӣ низ тайёр ва ба фурӯш бароварда мешавад. Баъди харидан онро дар ҷойи даркорӣ шинонида, танҳо девори берунашро месозонанд. Онро баъди дамдуд кардан истифода мебаранд.
Часпонидани нон. Дар ҳарду шакли чагдон (дарунзаминӣ, болозаминӣ) кадбону нонро даруни чагдон хам шуда мепазад. Аммо дар танӯр (бари девор) бошад, кадбону нонро рост истода мечаспонад.

Эзоҳ: Баъди андова ба ҳама намуди танӯр як шабонарӯз алави сердуди дарунсӯз мемонанд, то ки девори он пазад. Баъди пӯхтан ба дарунаш равғани пахта мемонанд, то ба пушти нон кулӯхи танӯр начаспад.
Танӯрро бо тапак (аз саргини гову мол таёр мекунанд), янтоқ, ғӯзапоя, шоху навдаҳои хушк ва ғайра метафсонанд.
Ҳунарманд: Назарова Зайнурамо, соли таваллуд 1939.
Суроға: н. Ҳамадонӣ, к. Нарзибеков, 47

ТАНУРСОЗИ Эту своеобразную глинянную печку на севере Таджикистана называют танур, на юге – чагдон, а в центральной части – дегдон. Хотя они и выполняют одну и ту же функцию, все они отличаются по форме, и уставналиваются по-разному: танур – у стены, чагдон в земле, а дегдон наземно.
Танӯр Жаркое лето и холодная зима для этого не подходят.
ЧАГДОН строится в земле: для этого раскапывают землю в виде конуса. Приготовленной из песка, цемента и обычной глины смеси обмазываются и укрепляются стены вырытой ямы. Далее, подготавливается специальная глина из воды, белой глины и мелкой соломы, хорошенечко его смешивают и оставляют. Затем, подготовленной глиной делается кохандова толщиной 1,2- 2 см. Как высохнет проводят процедуру сангча: это означает, что готовят реглой – смесь песка с белой глиной (желательно, чтобы песок был с берегов реки, тогда чагдон будет быстро разогреваться). Вначале брызгают водой стены чагдона после кохандова и начинают регандова. Последняя процедура достаточно сложная. Её проводят таким образом: выбирается твердых сортов ткань и ею обмазывается тонко все стены чагдона снизу доверху. Регандова очень важно для чагдона. Для того, чтобы она была очень ровным в течении двух последующих дней три раза в день расправляют, поглаживая гладким камнем стены чагдона. Затем, 20-30 см верхней стены чагдона обмазывают желтком куриных яиц, а нижнюю часть свежим коровьмим навозом. Затем эту яму заполняют не совсем сухими тонкими палками, гузапоей или тапаком и зажигают огонь. Этот огонь должен гореть медленно одн и сутки.
В первый раз пекут в чагдоне вид лепешек чаппоти. Эти чаппоти нужно раздать соседям.
Поскольку чагдон сильно разогревается, после того как заканчивают печь лепешки туда в золу ставится в казане для варки на медленном огне такое традиционное блюдо как дангича Это также раздается соседям. Вообще к чагдону отношение хозяйки очень серьезное. Чагдон, наряду с собственной дойной коровой, является кормильцем семьи.
Способ построения ДЕГДОН: на земле кладут кругообразный предмет нужного размера, и обрамляют его кирпичами, оформляя контур дегдона. Далее вся процедура такая же как при изготовлении чагдона. Вокруг дегдона около полметра также делается андова, а снизу с какой-либо стороны делается маленький дымопроход – мурича.
Полезность: разогрев дегдон сухими ветками абрикосового дерева помогает и лечит радикулит, простуду. В холодных местностях, поэтому дегдон строили внутри дома и использовали как сандали. Бездетная женщина и простуженные больные также сидя после выпечки лепешек в дегдоне излечиваются.
ТанӮр. Способ построения танура в общем такой же как и чагдон Но по форме каждый вид отличается друг от друга. Танур устанавливается на стене: его нижняя часть (дно) приспосабливается для разжигания огня, а правая, левая и верх для испечения лепешек.
Способ построения танура: В специальную желтую или красную глину наливают воду, добавляют шерсть овцы или мелкую солому, перемешивают; в приготовленную глину добавляется соленая водичка и оставляется на время; после чего хорошо мнут глину ногами; считается, что таким образом глину “варят”. Затем эту плотную глину режут кусочками и начинают строить танур. Для того, чтобы танур выдерживал огонь его обливают изнутри и снаружи соленой водой. Край танура строится отдельно и, затем прикрепляется. После того как танур высохнет, его плотно уставнавливают к стене. Там также прикрепляют его хорошенечко, что не под силу всякому. Этому также нужно научиться. Установка танура к стене является частью ремесла танӯрсозӣ. Нижняя часть глинянной подставки танура дожна быть 1-1,2 м высоты. Сверху танӯра делается дымопровод, который также делается андова.
Наземный чагдон и танӯр строятся отдельно из смеси красной глины и цемента. Их можно купить на базарах и установить по своему усмотрению во дворе.
Способ испечения лепешек: В чагдоне (как наземном, так и подземном) лепешку лепят к стене нагинаясь внутрь (в одном случае сидя, в другом стоя). В тануре же лепят лепешки только стоя и со стороны.
Примечание: После андова во всех видах танура разжигается огонь с обилием дыма в течение одной сутки. Это делается для того, чтобы сварить стенки танура. После остужения танура, его стены замазываются хлопковым маслом. Вообще для испечения лепешек в танурах используется другие дрова: тапак (приготовленный из навоза скота), колючки, гузапоя (степель хлопка), сухие ветки.
Ремеленница:
Назарова Зайнурамо, 1939 г.р.
Адрес: р-он Хамадонӣ, ул. Нарзибеков, 47
TANURSOZI In the north of Tajikistan, this clay oven is called tanur, in the south – chakdon, and in the centre – degdon. Although they fulfill the same function, all of them differ from each other in a form and are set differently: tanur – at the wall, chagdan – into the ground, and degdon – on the ground.
Tanur Hot summer and cold winter do not fit for that.
Chagdon is built in the ground: the ground is dug in the form of cone. The walls are put and strengthened with the mixture made from sand, cement, and usual clay. Further, special clay, made from water, white clay, and fine straw, is prepared by mixing and is left. Then, kohandova is made with the prepared clay for the thickness of 1,2 – 2 sm. After drying, the process sangcha is conducted: it means that regloi – the mixture of sand and white clay (sand must be from river coasts, so chagdon will become hot quickly). The chakdon walls are poured with water after kohandova, and regandova starts. It is conducted as follows: the cloth of solid sorts is chosen and all the walls of chagdon are thinly coated with it from top to below. Regandova is very significant to chagdon. The walls of chagdon are flattened with a smooth stone thrice a day during the following days in order regandova could be very smooth. Then, 20 – 30 sm. of upper wall is covered with yolk, and a lower part – with fresh cow manure. Then, this hole is filled with not enough dry thin sticks, guzapoya or tapak, and lighted. This fire must burn slowly for one day.
A kind of flat bread chappoti is baked in chagdon in the first time. These chappotis should be distributed to neighbors.
Since chagdon becomes to be very hot, after baking flat bread, a cauldron is put on the ash for boiling the traditional dish dangicha It is distributed to neighbors too. The attitude of mistress to chagdon is very serious in general. Equally with own milk cow, chagdon is a provider of family.
The way of building degdon is the following: the round-formed thing of necessary size is put on the ground and framed with bricks, decorating the outline of degdon. Further, all process is the same as at building chagdon. Around degdon, andova is also made about 1,5 m., and a small fume – muricha – is made from below in any side.
The usefulness: degdon, heated up with dry branches of apricot tree, helps to cure radiculitis and cold. Therefore in cold places, degdon was built inside the houses and used as sandal. Childless women and persons having cold are cured too, sitting after baking flat breads in degdon.
Tanur is built like chagdon However in the form, each kind differs from each other. Tanur is set on the wall, its lower part (bottom) is adapted for lighting fire and right, left, and upper parts – for baking flat breads.
The way of building tanur is the following: water is poured into special yellow or red clay, the wool of sheep or small straw is added, all of that is mixed; salty water is added to the prepared clay, and it is left for time; after that, the clay is tempered; it is considered that clay is boiled thereby. Then this solid clay is cut for pieces, and tanur starts being built. Tanur is poured with salty water inside and outside in order it could withstand fire. The edge of tanur is built separately and then it is attached. After tanurs drying, it is set to the wall hermetically. Such fixing is beyond everybodys power. One should also be trained for that. The set of tanur to the wall is a part of the craft tanursozi. A lower part of clay support of tanur must be 1 – 1,2 m. of the height. Flue is made on the top of tanbur, which is made andova too.
Above-ground chagdon and tanbur are built separately therefore they are sold in bazaars.
The way of baking flat breads is the following: in chagdon (both in above-ground and in underground), flat bread is stuck to the wall, inclining inside (in one case – sitting, in other one – standing). And in tanur, flat bread is stuck in standing pose and from side.
Note: after andova, in all kinds of tanur fire is lighted with heavy smoke for one day. This is made in order the walls of tanur could be boiled. After tanurs cooling, its walls are covered with cotton oil. Overall, other woods: tapak (made from cattles manure), pile, guzapoya (cotton pedicles), and dry branches are used for baking flat breads in tanur.
Craftswoman:
Nazarova Zainuramo, born in 1939.
Address: Hamadoni district, Narzibekov street, h. 47.

Залишити відповідь

Ваша e-mail адреса не оприлюднюватиметься. Обов’язкові поля позначені *